АШТ: ВОХУРӢ БО НАМОЯНДАИ КОРРУПСИЯ

 220 боздид

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохурии майёри адлия Назриён Василбек , нозири калони шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ бо намояндагони идораю ташкилотҳо, муассисаҳо, кормандони масъули мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф доир гардид. Вохурӣ таҳти мавзӯи “Пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ байни шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ” ҷараён гирифт. Майёри адлия Назриён Василбек зимни баромади хеш таъкид намуд, ки бояд роҳбарони идораю ташкилотҳо, муассисаҳо, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳкунониро ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ байни кормандони худ ҷоннок намоянд. Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 Стратегия муқовимат бо коррупсия қабул гардидааст. Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорон ва майёри адлия Назриён Василбек пурсиш ва посух сурат гирифт.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.