Ба иштирокчиёни ҷанги байналмиллал дар Афғонистон кӯмаки яквақтинаи моддӣ расонида шуд

 869 боздид

Имрӯз, 15-уми феврал дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон бахшида ба 28-умин солгарди баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Абдуазизов Зикриё ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидгардидагони ҷанги байналмиллал баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ифтитоҳ намуда, таъкид дошт ҷанговарони байналмиллал аз Тоҷикистон ба қасами ёд намудаи худ содиқ монда, дар муҳорибаҳо намунаи ибрат буданд.

Баъдан иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ дар назди ҳозирин аз фаъолияти ҷанговарони ноҳия, ки дар қаламрави кишвари Афғонистон шуҷоатмандонаву қаҳрамонона ҷангидаанд ёдоварӣ намуд.

Ҷанговари байналмиллал Тошмуҳаммад Ёрматов, ки дар набардҳои мусаллаҳона дар қаламрави Афғонистон чанд ҳамхизматашро аз даст додааст шеъри тозаэҷодашро дар васфи онҳо қироат намуд.

Дар охир ба якчанд нафар иштирокчии  ҷанговари байналмиллал  кӯмаки яквақтаинаи пулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.