Баргузории фестивали “Бӯстон-2017”

 988 боздид

Имрӯз, 20-уми июл дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия даври ноҳиявии Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Бӯстон-2017” баргузор гардид. Дар он муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ ва намояндагон аз Раёсати фарҳанги вилоят иштирок намуданд.

Фестивали мазкур бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав байни наврасону ҷавонон аз рӯи шартҳои навозиши асбобҳои мусиқӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақсидан ва намоиши саҳнаҳои ҳаҷвӣ гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бархе аз иштирокдорони фестивал маҳорати баланди сароидани сурудро дар жанри шашмақом ва эстрада доранд.  Дар баробари садои форам доштан, чанд ҷавони боистеъдод ҳамзамон, дутор ва танбурро навохта метавонанд.

Аъзои ҳакамон ҳунарнамоии наврасону ҷавононро тамошо намуда, дар охир 9 дипломи Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”-ро ба иштирокдорон тақдим намуданд.

Хотирасон менамоем, ки Фестивал-озмуни телевизионии ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Бӯстон-2017” аз ҷониби Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина” роҳандозӣ карда шудааст.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.