Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз

 791 боздид

Бахшида ба ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва Соли ҷавонон мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба гуштини миллӣ ва камарбандӣ байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин бора Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дода таъкид дошт дар мусобиқа аз ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия зиёда 150 нафар наврасону ҷавонон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа ба 40 нафар варзишгари беҳтарин тӯҳфаҳои хотиротии Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои манбаъ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Ашт мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд. Ба беҳтарин варзишгарон зимни таҷлили Наврӯзи Аҷам дар ноҳия тӯҳфаҳои хотиротии раиси ноҳия тақдим мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.