Бо хоинони миллат мубориза мебарем!

 759 боздид

Имрӯз роҳбарону фаъолони ТЭТ ҲНИ бо дастгирии давлатҳову созмонҳои манфиатҷӯ дар қабои одамӣ тинати аҳриманонаи худро нишон дода, бар зидди миллат, давлат, модару Ватан бо таъсиси созмони “Паймони миллӣ” нақшаҳои ноҷавонмардонаро тарҳрезӣ намуда истодаанд, ки ба қавле косаи давр чаппагардон мешавад. Рафти нишастҳои САҲА дар Варшава далели ин гуфтаҳост.
Дар ташкилу баргузории ин ҳамоиш бешак саҳм доштани Кабирии беномус ва думраваконаш Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев ва Илҳом Ёқубови маълум аст. Мақсад аз ташкили ин “Паймон” –ноором сохтани авзои сиёсии Тоҷикистон, фиребу фирефта кардани мардум, гумроҳсозии ҷавонону муқобили калонсолон шӯронидани онҳо, тафриқаандозиву ҷудоисозӣ ва ғайра. Маҳз, фитнаҳои ТЭТҲНИ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки солҳои 1992-1997 160 000 сокинони кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ба ҳалокат расиданд ва қисми зиёд гуреза шуданд. Бовуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ, бадхоҳони Ватану миллат мехоҳанд мардумро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Аммо миллати тоҷик дубора ин фиребро намехӯрад. Аллакай мардум раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон, тағйиротҳоро дар сиёсати ҷаҳонӣ бо чашми худ дида истодаанд. Мардум тафаккури таҳлилӣ дорад ва таҳлил мекунад, замони даврони Шӯравӣ чӣ буду имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ чӣ шуд? Бузургтарин дастоварди замони Истиқлолият ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар мебошад. Зеро хона бошад, ҳамаи чизи дигар мешавад, бе хона маъвое нест, ки ба он паноҳ барӣ ва обод намоӣ. Ин вожа барои бадхоҳону хоинон албатта бегона аст, зеро бо шунидани номи Ватану ватандорӣ дар пеши чашмони ин иблисон ғасбу барангехтани низоъ, вайронкориву хунрезӣ ва бадиву бадхоҳӣ намудор мегардад.
Боназардошти ин ва дигар нишондодҳое, ки мардум бо ақли худ дарк кардаанд, дигар ин хонасӯзони фитнаангез аз мулки бегона истода, мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро фирефта карда наметавонанд. Аз ин рӯ, мо сокинони кишварро месазад, ки аз талхтарин таҷрибае, ки худ аз ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум бардоштем, дар байни бархӯрдҳо зираку ҳушёр бошем ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем.
Миллати тоҷик соҳиби таърих, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллӣ аст, ки ҳамчун унсури нотакрор аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътироф шудааст ва ҳеқ як афкор, ҳаракат ва ё созмон наметавонад онро аз байн бубарад.
Мо Пайравони Пешвои миллат тарғибкунандаи сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат буда, бо шукргузорӣ аз ободию осоиштагии Ватани азиз бар зидди душманони Ватан мубориза мебарем.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия

Мутриба Абдуллоева

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.