Санаи 16-уми сентябри соли равон дар шаҳри Варшава ҷаласаи навбатии Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба кори худ оғоз намуд, ки дар назар аст то санаи 26-уми сентябр идома ёбад.
Пӯшида нест, ки дар ҷаласаи мазкур баробари дигар давлатҳои аъзо ТТЭ ҲНИ, ки ба хотири пинҳон доштану аз об хушк баромадан унвони хешро ба «Паймони миллӣ» тағйир додаанд, ширкат доранд. Басо аҷибу нохушоянд аст, ки чанд нафари хиёнаткору риёкор ба гурӯҳи зархариди худ чунин номро қабул кардаанд. Ин ду калимоти муқаддас: паймон ва миллӣ, бегумон аз кирдору рафтору ҳадафҳои муғризонаи аъзоёнаш фарсахҳо дур аст. Ин чор нафар: Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофуддин Гадоев ва Илҳом Ёrубов худро ҳамчун як қувваи сиёсӣ ва мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон расонаӣ кардаанд. Ва ин замон ҳама огаҳанд, ки ин худнамоишдиҳиҳои қалбакӣ ба хотири манфиат асту халос. Ин чаҳор нафари мардумфиреб ашхосе ҳастанд, ки аз дур истода, дар мусофирату муҳоxират мақсад доранд, сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистони азизро халалдор созанд.
Бо ба бар кардани xомаи нав магар метавон ботину зоҳирро тағйир дод? На!
Ба ёд овардани бесарусомониву хунрезиҳои солҳои навадум кифоя аст, ки бори дигар ҳадафу нақшаҳои ин наҳзатиҳои бадаъмолро бозгӯ намоем. Онҳо мехостанд бо истифода аз вазъи ноороми кишвар, ки онро ҳам худашон рӯйи кор оварданд, сохти исломиро иҷборан ҷорӣ кунанд. Нашуд! Бори дуюм дар интихоботи парламентие, ки соли 2015 баргузор шуд, боз ҳам ноком шуданд. Баъди ҳар нокомиҳо даст ба силоҳу хушунат заданд, боиси маргу мири даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ гаштанд.
Бо ин ҳама қаноат накарданд. Сайёҳони хориҷиро мавриди хиёнату хунрезии хеш қарор доданд. Мегӯянд, бори каҷ ба манзил намерасад. Ин дафъа хостанд, аъмоли хиёнаткоронаашонро ба дӯши ҳамтоёни худ ТТЭ «Давлати исломӣ» бор кунанд. Боз нашуд! Саркардаи амали террористии мазкур Абдусамадов Ҳусейн боздошт гардиду хунрезии навбатиашон фош. Қатли сайёҳони бегуноҳи хориҷӣ чеҳраи аслии онҳоро дар чашми на фақат сокинони Тоҷикистон, балки берун аз он кушод.
Кунун имрӯзҳо дар анҷумани солонаи Дафтари озодиҳои демократии САҲА бо номи навинтихобу аз ҷониби халқ қабулнагаштаашон «Паймони миллӣ» боз кӯшиш доранд, теша ба решаҳои дарахти миллии тоҷикон зананд. Бо овардани чанд далеле аз марги зиндониёну ҳоли табоҳи зиндон дилсӯхтаи халқи хеш буданро бозгӯ карданианд. Аммо дигар дер шудааст! Акнун Тоҷикистон ҷавони 28-солаи ҳузарбу ботаҷриба аст. Дигар мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро шинохтаанд. Дигар лаҳзаву моҳу солҳои шармандашавии онҳо фаро расидааст!
Мо, намояндагони ҲХДТ, яке аз ҳизбҳои пешгому фаъоли кишвар намегузорем, ки ба амнияту сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол халале ворид шавад!
Баҳриддин Зиёӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт