Бинои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бора мудири бахши мазкур Музаффар Муяссарзода иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъи манба ин бино бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, аз 2 ошёна ва 6 ҳуҷраи дорои шароити ҳозиразамон иборат мебошад. Корҳои сохтмонии бино моҳи августи соли гузашта оғоз гардида, қисми асосоии он ба анҷом расидааст.
Барои бунёди бинои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия аз тарафаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят 446 ҳазор сомон маблағ ҷудо гардидааст.