Ҳамлаи гурӯҳи ноҷавонмардонаи ниқобпӯшро ба дидбонгоҳи марзии Султонобод маҳкум менамоем

 467 боздид

Имрӯз ҳар лаҳзаву ҳар куҷо шукри Истиқлолу Ваҳдат ва тинҷиву амонии Тоҷикистони азиз мекунем. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд зиндагии имрӯзаи хешро ба ҳаёти бисту ҳашт соли қаблаш ба муқоиса гузорад. Баъдан барояш мисли рӯз равшан мегардад, дар натиҷаи сиёсати созанда ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззам мо ба чӣ дастовардҳои назаррасе ноил гардидем. Имрӯз баъзе аз гурӯҳҳову ташкилоти ифротие пайдо шудаанд, ки оромию сулҳу суботи кишварро чашми дидан надоранд. Бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоро вайрон созанд, вале ҳеҷ гоҳ онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш намерасанд.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавонони ноҳияи Ашт ҳамлаи гурӯҳи ноҷавонмардонаи ниқобпӯшонро ба дидбонгоҳи марзии Султонобод маҳкум менамоем.

Ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба  қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ омода бошад.

 

Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.