Ҳунарнамоии кӯдакон дар фестивали “Ғунчаҳои умед”

 1 788 боздид

Имрӯз, 19-уми май тибқи иҷрои Қарори раиси ноҳия дар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов бахшида ба таҷлили Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон, эълон гардидани «Соли 2017-соли ҷавонон», «20-солагии Ваҳдати миллӣ» даври ноҳиявии фестивали кӯдакон таҳти унвони «Ғунчаҳои умед»  бо иштироки раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар даври ноҳиявӣ  аз 11 муассисаи томактабии ноҳия кӯдакон бо шартҳои дар даври ҷамоавӣ роҳхатгирифтаи худ иштирок намуда, бо ҳунар ва истеъдоди баланди кӯдаконаи худ ҳунарнамоӣ карда, соҳиби таҳсину офаринҳо гардиданд.

Мақсад аз баргузории фестивал озмун дарёфти кӯдакони боистеъдод, тарбияи зебоипарастӣ,   бедор намудани ифтихори миллӣ, баҷо  овардани ҳурмати  калонсолон, дар ниҳоди кӯдакон тарбия намудани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва мустақилу бомасъулият будан арзёбӣ гардид.

Тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тавонистанд тибқи Низомномаи озмун аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Хор», «Рақс», «Суруд», «Саҳнача» ва «Намоиши либоси миллии кӯдакона»  маҳорати волои кӯдаконаи худро нишон диҳанд. Кӯдакон бо иҷрои шартҳо тавонистанд баён намоянд ки: «Мо ояндасози Ватани биҳиштосои худ ҳастем».

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.