Имрӯз санаи 10 марти соли 2021, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосияи имрӯза намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Хуршеда Хоҷазода Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сардухтурони беморхонаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.
Кори иҷлосияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №1 Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ ҳусни оғоз бахшид.
Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати шашум вакилони зерин ба ҳайати котиботи иҷлосия интихоб шуданд:
- Баҳридинов Баҳодур Ғуломидинович–вакил аз ҳавзаи интихоботии Даҳана №5;
- Ғоибназаров Валӣ Бекназарович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Шахак №12;
- Деҳқонова Ёдгорой Қурбоновна — вакил аз ҳавзаи интихоботии
Қароқазон №16.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома“Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз санаи 19.03.13 №954 ва таъмини иҷрои “Барномаи давлатӣоид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023”дар ноҳия муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ,аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодиёт ва буҷет, истифодаи инвестерҳои хориҷӣ ва соҳибкорӣ” раиси комиссияи доимӣ Қаюмов Абдуҳамид, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома оид ба ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Саро” №7 Киромиддинов Акмал оид ба иҷрои ваколати вакилиаш, аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома“Оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ”муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ баромад намуданд.
Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома як қатор қарорҳои раиси ноҳия аз 30 декабр соли 2020 то 10 марти соли 2021, гузаронидани чорабиниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, варзишӣ, ташкили фаъолияти самараноки муассисаҳои буҷавӣ маблағгузорӣ карда шудаанд, баррасӣ гардида, тасдиқ гардид.
Дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баромад намуд.
Ба вакилон ва фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои барномаҳои дар пеш истода муваффақиятҳо таманно намуда, оид баҷоннок намудани якқатор самтҳои фаъолияти мафкуравиву иҷтимоӣфикру андешаҳои худро баён кард.
Дар охир Раиси ноҳия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №1 Зариф Мирдадо бо сухани хотимавӣ баромад намуда, барои беҳтар кардани фаъолияти корӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои истеҳсолот ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбини карда шуда, дар назди масъулини соҳаҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.