Ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Прократураи ноҳия

 918 боздид

24-уми феврали соли равон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода ҷаласа оид ба баррасии пешниҳоди Прокуратураи ноҳия дар бораи татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дастурамали коргузорӣ ба муроҷиати шаҳрвандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” доир гашт.

Нахуст, Зафар Мамадҷонов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия пешниҳоди Прокуратураи ноҳияро ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас, Аниса Ҷалилӣ дар барои коҳиш додани қонуншиканӣ байни сокинон ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт суханронӣ намуд.

Дар охир ба шахсони масъул вобаста ба иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ”, “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дастурамали коргузорӣ ба муроҷиати шаҳрвандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”  супоришҳои мушаххас дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.