Ҷаласаи васеи назди Раиси ноҳия

 350 боздид

 

Санаи 19 майи соли равон, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷаласаи васеи назди Раиси ноҳия ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, ки дар маҷлиси фаъолони вилоят санаи 18 майи соли 2021 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баргузор гардида, бо иштироки муовинон, Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, муовини комиссари ҳарбии ноҳия, сардорони қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия, сардори бахши раводид ва шиносномадиҳии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Раисон ва мутахассисон оид ба кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозироти андоз, роҳбарияти Раёсатҳои кишоварзӣ, молия, омор, сардор ва кормандони кумитаи идораи замин, роҳбар ва кормандони КДФ БММҒ дар ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, мудир ва кормандони шуъбаи маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва масъулони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба кишти зироатҳои баҳорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас оид ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тибқи нақша ва бо сифати баланд омода намудани боқимонда иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳшаванда, назорати қатъии рафти кишти баҳорӣ махсусан пахта ва картошка дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, назорати ҷиддии кори мунтазами силсилаҳои пойгоҳҳои обкашӣ, тақсимоти одилонаи оби полезӣ ба хоҷагиҳои пахтакор, таъмини иҷрои босифати нақшаи андози моҳи май дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, нигоҳдории амнияти шаҳрвандон, чиҳати раводид ва будубоши онҳо ба давлатҳои ҳамсоя ва қабули душаҳрвандӣ дода шуданд.
Дар охир Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар муҳлатҳои муайяншуда дастур доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.