Ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда

 615 боздид

Санаи 9 уми соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомиддинзода Саидамин, маҷлиси фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Маҳмудзода Ҷамшед муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда, маърӯза кард.

Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини Раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.

Тавре дар маърузаи худ Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳияи Ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, иттилоъ дод, нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии ноҳия (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар 8 моҳи соли 2019-ум 97,5 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 28 миллиону 156,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 731,1 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 95,3 фоиз иҷро гардида, 21 миллиону 909,6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд, ки аз нақша 1 миллиону 79,2 ҳазор сомонӣ кам аст.

Дар  маҷмўъ, дар давраи  ҳисоботӣ иҷрои босифати нақшаи андоз пурра амалӣ нашуд ва дар натиҷаи иҷро нашудани нақшаи 4 намуди андоз 2 миллиону 482,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардид.

— Дар ҳамин ҳол, дар 8 моҳи соли равон аз буҷети вилоят ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт танҳо барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ  600 ҳазор  ва дар чор соли охир бошад, бо ин мақсад, ҳамчунин бартараф намудани оқибати офати табиӣ, беҳтар кардани таъминоти аҳолии деҳот бо оби нўшокӣ, сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва ғайра беш аз 127 миллиону 202 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ҳамин давра барои сохтмон ва таҷдиду барқароркунии иншооти гуногун дар ноҳияи Ашт, аз ҷумла, сохтмони Қасри фарҳанг, бинои таълимӣ барои 360 хонанда бо толори варзиш ва ошхона дар назди мактаби №13 дар деҳаи Хиштхонаи деҳоти Понғоз, бинои нави мактаб дар назди муассисаи таълимии миёнаи умумии №65 дар шаҳраки Шайдон ва амсоли онҳо  аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар маҷмўъ, 38 миллиону 290 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Чуноне таҳлилҳо нишон доданд, ҳарчанд давоми солҳои 2016 — 2018 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шумораи умумии лоиҳаҳо 29 адад, ба маблағи 71,4 миллион сомонӣ пурра иҷро гардида бошанд ҳам, дар маҷмӯъ таъмини барнома ба ҳолати 1 июли  соли 2019 ба 9,3 фоиз баробар аст, ки ин ҳолат боиси нигаронист.

-Тибқи нақша дар соли 2019 бунёди 4 корхонаву коргоҳ ба нақша гирифта, то ин дам танҳо 1 коргоҳ бо 12 ҷойи корӣ ба истифода дода шудаасту халос.

Соли равон дар ноҳия дар майдони 13 ҳазору 876 гектар зироатҳо гуногун кишт гардид, ки дар муқоиса нисбати соли 2018-ум 435 гектар зиёд мебошад.

Дар ҳашт моҳи равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 218 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 миллиону 330 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё дар сатҳи 107 фоиз таъмин шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Ашт 5 ҳазору 398 тонна ғалладона, 3 ҳазору 624 тонна картошка, 5 ҳазору 187 тонна сабзавот, 1 ҳазору 117 тонна полезӣ, 18 ҳазору 702 тонна тонна меваҷот, аз ҷумла 18 ҳазору 624 тонна зардолу тонна, 628 тонна ангур, 3 ҳазору 525 тонна гўшт, 20 ҳазору 324 тонна шир, 5 миллиону 619 ҳазор дона тухм, 207 тонна пашм, 21 тонна пилла, 3,3 тонна асал ва 7 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол гардида, афзоиш аксарияти номгўи маҳсулот, ғайр аз тухм ва пилла аз 100,7 фоиз то 124 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин шудааст.

Дар охир Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт ба як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, дастуру супоришҳо дода, барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва фарҳанг вазифаҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.