Коҳиш ёфтани худкушӣ дар Ашт

 1 045 боздид

Давоми соли 2017 Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Ашт зиёда аз 42 маротиба дар 9 ҷамоати шаҳраку деҳот суҳбату вохӯриҳо доир кардаанд. Дар ин бора имрӯз ба Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, Обода Каримӣ иттилоъ дод. 

Тибқи иттилои манбаъ масъулин бо мақсади пешгирии роҳи хушунати хонаводагӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва худкушии занону духтарон бо зиёда аз 3 ҳазор занон мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.

Манбаъ афзуд, ки дар 11 моҳи соли равон байни занону мардони ноҳия 6 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин теъдод як нафараш аз ҷин си зан мебошад.

Худкушӣ байни сокинони ноҳия дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар ҳудуди ноҳияи Ашт 25 ҳодисаи худкушии сокинон ба қайд гирифта шуд. Аз ин теъдод 12 нафар занон ва 13 нафар мардон мебошанд.

Ҳамчунин давоми имсол дар ноҳияи Ашт 1046 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Пошхӯрии оилаҳо бошад 336 адад мебошад. Дар ҳамин давраи соли гузашта, 1389 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, бекоршавии он 282 ададро ташкил медиҳад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.