Конфронс: Танзим баракати зиндагист

 1 502 боздид

17-уми август дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Танзим баракати рӯзгор” баргузор гардид.

Дар он муовини аввали раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева, имоми масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд Байзоев Орифҷон, муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ ва дигарон ширкат намуданд.

Дар конфронс Мавҷуда Бобоева баромад намуда гуфт, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” даҳ сол пур шуд. Дар таҷлили даҳсолагии қонуни мазкур фаъолони ҷумҳурӣ барои сарфакорӣ ва ба исрофкорӣ роҳ надодани сокинони мамлакат ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дархосту пешниҳоди худро баён намуданд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид дархӯрди ҷомеаи кишвар маҳсуб меёбад.

Дар конфронс ба иштиродорон моҳияти тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур пешниҳод гардид фаҳмонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.