Лочиной Ҳамроқулова Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 80-сола шуд

 952 боздид

Лочиной Ҳамроқулова собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ котиби Ҷамоати деҳоти Ашт, Депутати совети олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба синни 80-солагӣ расид.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таҷлили ҷашни 80-солагиаш ба хонаи ӯ ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ӯ аз наздик шинос гардид. Ба Лочиной Ҳамроқулова тӯҳфаи хотиравӣ ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуд.

Лочиной Ҳамроқулова ба пиронсолии худ нигоҳ накарда, дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ, ҷалби мардум ба бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ саҳми назаррас дорад.

Лочиной Ҳамроқулова зодаи деҳаи Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ашт буда, соҳиби 2 фарзанд мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.