Маҷлиси фаъолони ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2021

 129 боздид

 

Имрӯз, санаи 15 апрели соли 2021, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва вазифагузориҳо ба семоҳаи дуюм таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисон, котибон, мутахассисони пешбар оид ба кишоварзӣ, мутахассисони пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва мутахассисони пешбари нозири мизи ҳарбии мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ баргузор гардид.
Инчунин дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим — сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2021 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда» муовини Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ маърӯза кард.
Ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия, соҳаи кишоварзӣ, саноат, андоз, роҳ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра дар баромади муовини Раиси ноҳия тариқи пурра бозгӯ шудаву камбудиҳои ҷойдошта баррасӣ гардиданд.
Раиси ноҳия баъд аз ба охир расидани маърӯза аз муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, сардухтурони беморхонаҳои марказӣ ва минтақавӣ, комиссари комиссариати ҳарбии ноҳия, сардори нозироти андоз, сардори раёсати молия, сардорони бонкҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот пурсиш ба амал оварданд.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим суханронӣ намуда, дар баробари муваффақиятҳо як қатор камбудиҳоро хотиррасон карда, ба истифодаи самарабахши ҳамаи захираю имкониятҳо, сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои барномавии сол вазифагузорӣ намуданд.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳия бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда, барои иҷрои вазифаҳои минбаъда дар соли 2021 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гузоштанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.