Мулоқоти Роҳбари МИҲД-и ноҳия бо намояндагони ЮСАИД

 3 576 боздид

Санаи 13 апрели соли ҷорӣ Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Зинаида Абдуллоева намояндаи ЮСАИД ва Шаҳноза Аъзамова намояндаи Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба бемории сил, оид ба пешгирии бемориии сил ва табобати он дар ноҳия мулоқот намуд.

Тавре Зарифҷон Дадоҷонов сарвари маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили ноҳия иброз дошт, мақсад аз мулоқоти намояндаи ЮСАИД бо Роҳбари МИҲД-и ноҳия доир ба пешгирӣ ва табобати бемории сил ин аст, онҳо мехоҳанд, то қисме аз бемороне, ки ба табобат ниёз доранд, аз тарафи МИҲД дастгирӣ ёбанд.

Дар идомаи суҳбат Зарифҷон Дадоҷонов қайд кард, фондҳои махсуси глобалӣ рӯз то рӯз маблағгузории худро оид ба пешгирӣ ва табобати сил кам намуда истодаанд, асоси вохурии намояндаи ЮСАИД ин аст, ки аз тарафаи МИҲД-и ноҳия низ беморон ҷиҳати табобати бемории сил дастгирӣ ёбанд.

Зинаида Абдуллоева ва Шаҳноза Аъзамова дар мулоқот ба Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ дод, ки  бо маблағи 28 ҳазор сомонӣ бинои ташхисгоҳи микроскопии ноҳияро таъмир намуда, ба ташхисгоҳи микроскопӣ бо маблағи 148 768(яксаду чилу ҳашт ҳазору ҳафтсаду шасту ҳашт) сомонӣ таҷҳизотҳои ташхисии замони муосир тақдим намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли сипаригардида дар ноҳия 64 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.