Ба ҳамагон маълум аст, ки баҳри ҳалли мушкилоти мухталифи мардум ҳар ҳафта ду маротиб-рӯзҳои чоршанбе ва шанбе раиси ноҳия ба муроҷиати шаҳрвандон гӯш медиҳад.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия Ҷамшед Маҳкамов тайи ду моҳ, яъне моҳҳои июн ва июли соли равон ба раиси ноҳия 160 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин миқдор 71 нафар дар самти гирифтани замини наздиҳавлигӣ, вобаста ба замин ва баҳси он муроҷиат кардаанд. Шаҳрвандони ноҳия ҳамчунин оид ба гирифтани кӯмаки молиявӣ, таъмин шудан бо ҷойи кор, ҳифзи иҷтимоӣ, шикоят нисбат ба шахсони алоҳида, баҳси оилавӣ, гирифтани саҳм ва сертификати замин, таъмин шудан бо оби полезӣ ва нӯшокӣ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, маориф ва ҳифзи сиҳатии омма, вобаста ба сохтмон, ободонӣ ва дигар масоили иқтисодӣ муроҷиат намудаанд.
Рӯзи қабули шаҳрвандон дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ ҷараён мегиранд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки моҳи июл теъдоди муроҷиаткунандагон нисбат ба дигар ҷамоатҳо дар ҷамоати шаҳраки Шайдон—49 нафар, ҷамоати Ашт—25 нафар, ҷамоати Ошоба—50 нафар зиёд ба назар мерасанд.
Рӯзи шанбеи 12-уми августи соли равон 6 нафар шаҳрвандони ноҳия ба раиси ноҳия муроҷиат намуданд.
Бобоев Ҷовидон аз ҷамоати деҳоти Понғоз гуфт, ки ба замини наздиҳавлигӣ ниёз дорад. Чанд маротиб бо ҳамин суол ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардааст, аммо то ҳол ба мақсад нарасидааст. Аз ҷониби раиси ноҳия ба раиси ҷамоати Понғоз супориш дода шуд, ки то даҳрӯзаи аввали моҳи сентябр арзи ин шаҳрванд ҳалли худро ёбад.
Оид ба мушкилоти баҳси оилавӣ, ки имрӯз масъалаи доғи рӯз баррасӣ гардид, ду нафар муроҷиат намуданд: Мадисоева Купайсун (ҷ.ш.Шайдон) аз масъулин хоҳиш намуд, ки баҳси оилавии писарашро ҳал намоянд ва пеши роҳи вайроншавии оилаи ӯро бигиранд. Рӯзиматова Зайнура—истиқоматкунандаи деҳаи Сарои ҷамоати Понғоз гуфт, ки ӯро бо роҳи фиреб, танҳо бо никоҳи мулло хонадор кардаанд ва аҳли оилаи шавҳараш маҷбур намудаанд, ки кӯдаки дар батнашбударо нобуд созад. Ӯ ҳамчунин аз муносибати дағалонаи корманди ШКД дар ноҳияи Ашт Ҳ. Нуриддинов изҳори норозигӣ намуд. Ҳалли ин мушкил низ ба масъулин супориш дода шуд, ки аз ҷараёни ҳалли он дар оянда хабар хоҳем дод.
Ҳайбоев Алиҷон соҳибкор аз ҷамоати шаҳраки Шайдон, ки чанде пеш бунёди варзишгоҳи марказии ноҳияро оғоз намуда буд, барои идомаи кор ёрии моддӣ талаб кард. Чунон ки маълум гардид, алҳол 50 фисади корҳо ба сомон расидаанд. Соҳибкори дигари маркази ноҳия М.Алиматов тасмим дорад, корҳои боқимондаро идома диҳад. Ин мушкилот низ бо супориши раиси ноҳия ҳалли худро хоҳад ёфт.
Тӯйчиева Манзура аз ҷамоати деҳоти Ашт изҳор намуд, ки баҳси замини хоҷагии деҳқонияш то ҳол идома дорад ва замини ӯро бо фиреб азхуд кардаанд. Тибқи маълумоти сардори Кумитаи замини ноҳия Р.Хайруллоев баҳси мазкур дар ҳолати баррасӣ қарор дорад ва рӯзҳои наздик ҳал хоҳад шуд.
Холбоева Эркиной (ҷ.д.Меҳробод) гуфт, ки аз сабаби надоштани шароити иқтисодӣ фарзандаш наметавонад дар пойтахт таҳсил намояд. Хоҳиш намуд барои дар шаҳри Хуҷанд идома додани таҳсили фарзандаш мусоидат карда шавад.
Аз муроҷиатҳои шаҳрвандон бармеояд, ки масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ, сертификату саҳми замин ва баҳси оилавӣ масоили доғи рӯз маҳсуб меёбанд. Ин аз як тараф бемасъулиятии масъулин бошад, аз ҷониби дигар бемаърифатии як қатор шаҳрвандонро дар самти надонистани ҳуқуқҳои шаҳрвандиашон бозгӯ менамояд. Пеш аз имзо мондан ба ҳуҷҷатҳои гуногун оид ба замин ва ё ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан (ин ҷо бештар дар мавриди дуюм бор ба шавҳар баромадан сухан меравад) ҳар нафарро мебояд дурандешона рафтор намояд, аз маслиҳати коршиносон истифода барад. Он вақт мувоҷеҳи ин суолу мушкилот нахоҳад гашт.
Тахмина МИСРОБӢ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Шуҳрати Ашт”