Паёми  табрикотии Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон  

 711 боздид

Ҳамдиёрони азиз!

Кӯдакони саодатманди диёр!

 1 июн дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат ҳар яки Шумоёнро самимона табрику таьният намуда,  осмони софу беғубор, хотири ҷамъ, саломатии бардавом ва хушбахтӣ таманно дорам.

Ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.

Боиси хурсандист, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ таҷлили Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Боварӣ дорам, Шумо, дӯстрӯякон, ҳамчун насли нави фардосози тоҷик баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон садоқатмандона саъю кӯшиш намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастовардҳои фикриву эҷодӣ, варзишӣ ва хониши хубу аъло барои баланд бардоштани нуфузу эътибори Ватани маҳбубамон саҳм мегузоред.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад.

Бояд қайд кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандӯсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омӯзишу парвариши кӯдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон натанҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст.

Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро, кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд.

Вазифаи мо калонсолон тарбияи дурусти фарзандон ва вазифаи Шумо – кӯдакону наврасони азиз аз хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.

Бо ҳамин ниятҳои нек кӯдакони хушбахтро бори дигар ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба ҳамаи кӯдакони Тоҷикистон, ки насли замони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ва ояндаи  дурахшони миллат мебошанд, тансиҳатии комил, рӯзгори босаодат ва бурдбориҳои ҳамешагиро таманно дорам.

Ба ҳамаатон хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.

Ид муборак, дӯстрӯякони азиз!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.