Имрӯз, 8-уми июн барои иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Ашт мулоқоти роҳбарияти оҳия бо соҳибкорон баргузор гардид.
Роҳбарияти ноҳия зимни мулоқот баён дошт, ки Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳибкорӣ дар кишвар диққати махсус дода, таъкид медоранд, ки рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир мо бояд соҳибкориро дар ноҳия тақвият бахшида, боғҳои интенсивӣ, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, истихроҷ ва коркарди санги хоро (гранит), истеҳсоли оҳаксанг дар мавзеи Кӯҳи Бӯр, истихроҷ ва коркарди сангҳои ороишӣ (туфсанг) дар мавзеи Дӯлона, нерӯгоҳҳои хурди обии барқӣ, коргоҳҳои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коргоҳи коркарди меваю ангур, коргоҳи коркарди маҳсулоти чорводорӣ (пӯст, пашм, гӯшт ва шир), гармхона ва сардхонаҳо, гармхонаҳои гулпарварӣ, майдончаҳои варзишӣ дар ҷамоатҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва кортҳои теннисӣ, коргоҳи истеҳсоли яхмоси маҳаллӣ, коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, фермаҳои хурди парвариши чорвои калони шохдор, фермаи мурғпарварӣ, ҳавзҳои истеҳсоли моҳӣ, парвариши замбури асал ва муассисаҳои хусусии таълимӣ ва томактабиро бунёд намоем.
Дар баробари бунёди чунин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорон дар ноҳияи Ашт, ҷойҳои кории хуб низ ба сокинон муҳайё мегардад, ки ин барои некуаҳволии зиндагии сокинон мусоидат мекунад. Ҳамчунин соҳибкорӣ дар ноҳия рушд намуда, маҳсулоти истеҳсоликардаи корхонаҳои онҳо дар бозори берун аз ноҳия низ ба фурӯш бароварда мешавад.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки барои бунёди корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қитъаи замин ҷудо намуда, ҳамзамон барои ба расмият давровардани ҳуҷҷатҳои корхонаҳои нав кӯмак мерасонад. Соҳибкороне, ки чунин коргоҳҳоро бунёд мекунанд, бо вақти муайян аз пардохти андоз озод карда мешаванд.
Дар охири мулоқот чанд пешниҳоди соҳибкорон шунида шуда, байни раиси ноҳия ва соҳибкорон мубодилаи сафкор сурат гирифт.
Саодат ИСМОИЛӢ