Таҳниятномаи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

 331 боздид

Рушди ҷомеаи навин ба шахсиятҳое марбут аст, ки содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан адои вазифа менамоянд. Дар ин ҷода кӯшиш мекунанд, ки то ҳадафҳои созандагиву ободкорӣ идома ёфта, баҳри мардум шароити хуби зиндагӣ фароҳам оранд. Ҳар касе ин рисолатро ба ҷо меорад, ки назди виҷдону қарзи фарзандии хеш бо дилу забонаш як аст.
Муҳтарам, Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, Шумо аз зумраи он нафароне ҳастед, ки амалатон бо дилу забонатон аз якмаромиву якдилӣ садо медоданд. Ин амалу андеша, гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори некатон Шуморо имрӯз миёни ҷомеа боз ҳам маҳбуб гардонид. То ба ин ҷода расидан роҳи осон нест ва инро мо аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ки ҳамеша ҳамқадаматон будем ба хубӣ эҳсос ва дарк менамоем. Аз бедорхобиву шабзиндадориҳои Шумо баҳри ободиву хуррамии диёрамон ҳар як шаҳрванди ноҳия огоҳ буда, аз хизматҳои намудаи Шумо назди ҳамдиёрон, арҷ мегузоранд. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси вилояти Суғд тавонистед дар давраи роҳбарии хеш баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия саҳми босазое гузошта, бо дуои халқу Ватан ба ин вазифаи пурмасъулият расидед.
Муҳтарам, Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, Шуморо барои ба вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд таъин гардиданатон, сидқан таҳният гуфта, дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ ва муваффақиятҳо таманно дорем. Боварӣ дорем, ки дар ин ҷода низ ба кору амалу пайкоратон нақши боризу арзанда мегузоред.
Бо эҳтиром, аҳли кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.