Имрӯз аз тарафи соҳибкор Норбоев Акбаралӣ ба сохтмони бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт 25 ҳазор сомонӣ маблағ тақдим карда шуд.
Фарзанди калонии ин соҳибкор Файизалӣ Норбоев дар суҳбат ба Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт гуфт, ки падараш барои касбомӯзии набераҳояш ин амали хайрро анҷом додааст. Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки ба хотири саводнок ва соҳиби касб гаштани наслҳои оянда бояд амалҳои хайрро зиёд анҷом дод.
Барои қомат афрохтани бинои ин макони илму маърифат соҳибкори дигари ноҳияи Ашт Абдусалом Қаҳҳоров низ 27 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо кард.
Чанде пеш амали хайрхоҳонаи зани солхӯрда Шарофат Мамадҷонова дар ноҳияи вирди забони ҳамагон гашт. Ин пири бомаърифат, ки солҳо дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия кор кардааст маблағи ба сафари Ҳаҷ ҷамъ кардаашро барои бунёди марказ тақдим кард, ки арзишаш 33 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо кӯмаки соҳибкорону шахсони саховатманд бинои МТИ ноҳия қомат афрохтааст. Ҷамшед Маҳмудзода, муовини раиси ноҳияи Ашт мегӯяд, 70 фисади корҳои сохтмонии бино ба анҷом расид. Ҳоло бошад корҳои ороишӣ ва насби дару тирезаҳои бино босурат идома доранд. Соҳибкорон ҳам бо ҷудо кардани маблағ ва ҳам бо тақдим кардани масолеҳи сохтмонӣ кӯмаки худро расондаистодаанд.
Хотирасон менамоем, ки бо иқдоми роҳбарияти ноҳияи Ашт чанде пеш барои аз нав бунёдкунии бинои МТИ санги асос гузошта шуд. Андозаи бинои МТИ 24 ба 12 метрро ташкил дода, он аз 2 ошёна, 5 ҳуҷра ва 2 толор иборат хоҳад буд.