Ташрифи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия

 323 боздид
Субҳи имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 марти соли 2021 тамрини (машқҳои) мудофиаи ҳудудӣ дар ноҳияи Ашт гузаронида шуд. Дар он тибқи супоришнома ҳайати шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҷалб карда шуда ба онҳо доир ба омодагии ҷангӣ ва ҷалби захираҳои шаҳрвандони эҳтиётӣ ба мудофиаи ноҳия амалиёт ташкил карда шуд.
Инчунин дар ин ҷамъомади таълимӣ –тамрини ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирок намуда, баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур баҳои баланд доданд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шерали Мирзо бо шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, сӯҳбат намуда, қайд намуд, ки онҳо ҳамавақт барои ҳимояи марзу бум, мудофиаи мамлакат омода бошанд ва ба ҳозирин оид ба иштирок дар ин чорабинӣ миннатдории худро расониданд.
Баъдан Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия аз ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла комиссариати ҳарбии ноҳия ва қисми ҳарбии 14356 “Б” дидан намуда, бо шароити маишӣ ва хизматии хизматчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.