Вокуниш ба намоиши телевизионии «Решаҳои ноаён»

 900 боздид

 

Вақто аз телевизони Точикистон, аз шабакаи аввал филми ҳуҷҷатии «Решаҳои ноаён»-ро тамошо кардам нафратам боз нисбати Нурию Кабирӣ, Ҳиматзодаю Маҳмадалӣ Ҳайит, Тураҷонзодаву сайид Қиёмиддинҳо зиёд гашт. Наход инсон, чунин бандаи мусулмон барои нафсаш шуда хоинӣ намояд. Ба ҷони ҳазорон бегуноҳон зомин шавад… Лаънати Худо бод ба чунин хоинони Ватан! 

Аъзои ягон иттиҳодия ва ё ҳизб будан ин маънии чуқур ва масъулияти имониву инсонӣ ва виҷдонӣ низ дорад. Баҳри нафс, вазифа ва ҳимояи шахсиашон ва ё соҳиби молу мулк шудан нашояд муттаҳид шуд. Муттаҳид будан бо шарму изо ва меҳру муҳаббат бояд бошад.

Дилдодаи ҷамъият шаведу аз омаду ноомади ҳаммутаҳидон огаҳ бошед. Дар худ онро қабул намоед. Муттаҳидӣ ин мустаҳкамии мост. Рахнае ба шарофати муттаҳидии шумо руи кор омад пас чи лозим фиребгарӣ… Умуман дар дини мубини Ислом ҳама бо мусулмон будани худ муттаҳиданд. Онҳо як маҳзабанду сарварашон пири маҳзабҳо Имоми Аъзам имоми бузурги моянд. Ҳама зиндагии мардумонро санҷидаву азбар намуда онро муқоисаву муросо андохта мазҳаби осону бообру-мазҳаби Ҳанафӣ мерос мондаанд. Пас чи лозим ва чи зарурияте дошт, Ҳизби Назҳаби Исломи дар Тоҷикистон!

Намоиши филми ҳуҷҷати «Решаҳои ноаён», ки рӯзи 18.06.2018 соати 21:35 дақиқа намоиш доданд бори дигар сурату сирати хоинонӣ ватан, курнамокони зархаридро намоиш дод: Мулло Қиёмиддини Қозӣ худро вонамуди кори хато ва ё хатокор нишон дода бешарму ҳаё дусад ҳазор ҷонро марҳум карданашонро гуфта  дод. Ҳоло ҳам хато дорад, зеро бо ин хоини ӯ зинда аст.

Ҳадис: «Дар дунё то бешарму беҳаё будан тарки дунё намудан афзалтар аст». Ҳуқуқи нафас кашиданро у надорад. Хусусан умед ба он дорам, ки номи С.А.Нурӣ, М.Кабирӣ, М.Ҳайит, Ҳимматзодаву Назарзода Қиёмиддину Мирзошариф Ашуровҳо ҳамчун хоинони Ватан дар таърихи халқу миллатӣ тоҷик номнавис шаванд. Зеро насли оянда донанд, ки чунин модарфурушон буданду аз дасти онҳо чи қадарҳо мардум зулм дид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.