Имруз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохурии Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо аҳли фарҳанг доир гардид. Дар оғоз Раиси ноҳия вобаста ба дастовард ва мушкилоти соҳа баёни назар намуд. Дар ҷараёни вохурӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода таъкид намуд, ки ҷавобан ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ходимони фарҳанг низ бо ҳунарнамоиҳои воло ва меҳнати софдилона ба меҳан посух диҳанд. Дар ин раванд дастур дода шуд, ки дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ корбариро дучанд намоянд. Маврид ба зикр аст, ки алҳол дар ҳудуди ноҳия 58 муассисаи фарҳангӣ аз ҷумла, Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, 28 китобхона, 18 клуб, 6 хонаи фарҳанг, мактаби санъати бачагона, осорхона фаъолият бурда, дар он 196 нафар кор мекунанд. Мулоқот дар фазои озод баргузор гардида, якқатор кормандони соҳа: Зуҳро Каримова, Ғайратҷон Ҳамроқулов, Раъно Мадёрова, Мурод Ҳуҷаназаров, Расулҷон Қодиров, Нафиса Раҳимова ба пешравии кор пешниҳоди худро баён намуданд ва изҳори сипоси худро барои дастгирии ҳамаҷониба ба Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳамаддзода иброз карданд.