5 нафар дар даври ҷумҳуриявии олимпида иштирок мекунанд

 843 боздид

Дар даври вилоятии олимпиадаи хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия 3 нафар ба гирифтани ҷои дуюм, 2 нафар ба гирифтани ҷои сеюм ва 5 нафар хонандагони синфҳои 11 ба олимпиадаи даставии вилоят шомил гардидаанд, ки дар даври ҷумҳуриявии он иштирок мекунанд. Дар ин бора аз шуъбаи маорифи ноҳия иттилоъ доданд.

Даври вилоятии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар муассисаи давлатии хонандагони болаёқати ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров аз рӯи 13 фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ аз санаи 24 то 31-уми январи соли ҷорӣ гузаронида шуд. Дар он аз 74 муассисаи таълимии ноҳия 87 нафар хонандагон иштирок намуда, 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят сазовор гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2016 аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагон 4 нафар иштирок намуда, ду нафари онҳо сазовори ҷойи сеюм гардида буданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.