АШТ: Ташрифи сафири Ҷопон ба ноҳия

 265 боздид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббии рентгени рақамӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт», бо маблағгузории сафорати Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, як адад дастгоҳи ренгени рақамӣ ва ду адад таҷҳизоти ренгении портативӣ ба маблағи умумии 90 ҳазор доллари амрикоӣ ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас ва насб карда шудааст.
Субҳи имрӯз 6-уми октябри соли равон бо сафари корӣ ва боздид аз амалишавии Лоиҳаи таъмини беморхонаи марказии ноҳия бо таҷҳизоти ренгении рақамӣ сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита ба ноҳия ташриф овард.
Меҳмононро Раиси ноҳия Мирдадо Зариф дар даромадгоҳи ноҳия истиқбол гирифта, ҳамроҳӣ намуданд.
Сараввал меҳмонон ба беморхонаи марказӣ ташриф оварда, утоқи рентгени рақамиро расман ифтитоҳ намуда, бо табибон мулоқот анҷом доданд.
Бо дастрасии ин таҷҳизотҳои муосири тиббӣ сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид ва ташхиси аниқи бемориҳо ба роҳ монда шуд. Аз моҳи май то инҷониб зиёда аз 1200 (як ҳазору дусад) нафар аз ташхиси босифат бархурдор гардиданд.
Баъдан, меҳмонон аз фаъолияти Филилали муаасисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳия боздид намуданд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби таълимгирандагони “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳия ҳамчун ҳусни эҳтиром ба сафир қолини дастӣ тақдим карда шуд.
Дар охир меҳмонон аз фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Нури Нисо” аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон маслиҳатҳои муфид доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.