АШТ: РӮЗИ ТАБИБОН ИСТИҚБОЛ ГАРДИД

 7 459 боздид

18.08.2022

Ҳамасола,чун анъана санаи 18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба ин муносибат чорабинӣ дар сатҳи баланд ҳоло бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти ҲХДТ дар ноҳия ҷараён дорад.

Нахуст, роҳбари ноҳия баромад намуда, ба муносибати фаро расидани иди касбии табибон, заҳматкашони соҳаро табрик гуфт:

“Ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти кори муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо сохтани биноҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия таваҷҷӯҳи ҳамаҷониба зоҳир карда мешавад. Дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз бинои нави замонавии Беморхонаи минтақавии № 5 барои 80 кати бистарӣ бо арзиши 16 миллиону 763 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Бинои беморхона санаи 16-уми апрели соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба ноҳияи Ашт мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин, ба маблағи 1млн 500 ҳазор сомонӣ, 2 мошини ёрии таъҷилии замонавӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум як қатор таҷҳизотҳои муосири рақамӣ ба соҳаи тандурустӣ тақдим гардидааст. Ба Шумо саломатӣ ва барору комёбӣ таманно намуда, орзуманди онам, ки ҳамаи дониш, малака ва маҳорати хешро баҳри ҳифзи ҷомеа равона менамоед. Иди касбиатон муборак бошад, кормандони соҳаи тибби ноҳия!”

Қобили зикр аст, ки сиёсати иҷтимоӣ, махсусан соҳаи тиб ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми ҷонсӯзонаи табибон ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд.

Баъдан ба ходимони пешқадами соҳаи тиб Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Рақсҳои ҷолиб, сурудҳои ҳофизон, баромади аҳли ҳунар ва саҳнача дар бораи ҳаёти табибон фарҷомбахши чорабинӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.