АШТ: ДАР РӮЗИ ТАБИБОН СОХТМОНИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ АШТ ОҒОЗ ШУД

 9 351 боздид

18.08.2022

Нимаи дуюми имрӯз Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ барои таҳният намудани кормандони соҳаи тиб ба беморхонаи рақами 2-и шаҳраки Дӯстии Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия Ашт ташриф овард. Бо кормандони беморхона Роҳбари ноҳия сӯҳбати озоду самимӣ анҷом дода, аз дастовардҳои соҳа ёдовар шуд. Дар ин радиф барои хизматҳои шоён ба заҳматкашони соҳа изҳори сипос гуфт.

Дар идомаи сафари корӣ сарвари ноҳия бо сокинони маҳаллаи Ашти Поёни Ҷамоати деҳоти Ашт мулоқот анҷом дод:

«Вазифаи ҳар фарди ватандӯст ободу зебо намудани меҳани азиз аст. Бо ҳидоятҳои одилонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон симои дигар дорад. Мо низ иқдомҳои Ҷаноби Олиро сармашқи кории худ қарор дода, ноҳияро ободу зебо мекунем. Бунёди бунгоҳи тиббӣ мушкили мардумро осон мекунад, чун бо мурури замон эҳтиёҷ дошатанд.»

Баъди гирифтани дуои пирони кор Раиси ноҳия ба бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ашти Поён оғози расмӣ бахшид. Ба роҳбари ноҳия иттилоъ дода шуд, ки бино аз даромадгоҳ, қабулгоҳ, ҳуҷраи УЗИ, ташхис, муоина ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ба сохтмончиён Раиси ноҳия дастур дод, ки дар кори сохтмон аз маҳсулотҳои хушсифат ва мувофиқ ба стандарҳои замони муосир истифода намоянд.

Баъдан аз ҷониби сарвари ноҳия собиқадори соҳаи тандурустӣ Қурбонова Мақсуда , ки 47 сол дар ин соҳа меҳнати софдилона кардааст, аёдат карда шуд.

Шӯҳрат Муҳаммадзода гуфт, ки « собиқадоронро аз маддӣ назар давлату ҳукумат дур намесозад ва ҳамеша арҷ мегузорад.»

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.