АШТ: АЗНАВСОЗИИ БИНОИ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

 328 боздид

8.10.22

Ёрдамчии роҳбари давлат дар давоми ташрифи кории худ ба ноҳия бо ҳамроҳи муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин Сафар кӯдакистон № 28-и деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғозро пас аз таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар кӯдакистон ҳоло ду гурӯҳ фаъолияти худро ба роҳ монда, 50 нафар тарбиятгирандагонро фаро мегирад. Ҷоиз ба қайд аст, ки бинои кӯдакистон давоми 9 моҳ азнавсозӣ гардида, қаблан 6 нафар кормандон фаъолият доштанд. Ҳоло бошад ин нишондод ба 12 адад баробар шудааст. Ёрдамчии Президенти кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода дастур дод, ки барои тарбияи насли ояндасози миллат таваҷҷӯҳи воло зоҳир гардад.

Дар идомаи сафари кории худ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини авввли Раиси вилоят Хол Ҳайдар,Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин аз ҷараёни мумфаршкунии роҳ дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод шинос шуданд. Роҳбари ноҳия ба Ҳикматуллозода Неъматулло иттиллоъ дод, ки дар фурсати кӯтоҳ аз ҷониби мардуми деҳа беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ гардида, 7 километр бо асфалти гарм роҳ бунёд карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки барои роҳсозӣ беш аз 10 техникаҳои хурду бузург сафарбар гардида, бо сифати баланд роҳ дар деҳаи дурдасти ҳудуди Ҷамоат бунёд ёфт. Зимни суханронӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба саҳмдорон, шахсони саховатпеша ва сокинони меҳнатқарин барои ибтикори бунёдкоронаашон изҳори сипос намуд.

Баъдан, аз ҷониби меҳмонон ба шахсони саховатманд Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия тақдим гардид. Мардуми деҳа барои таваҷҷӯҳи воло ба Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни шодмонӣ намуданд.

Дар рафти ташрифи корӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин фаъолияти хоҷагии моҳипарваии “Шукронаи Бахмал”-ро оғоз бахшиданд. Хоҷагии мазкур дорои 3 ҳавзи хурду бузургӣ моҳипарварӣ дошта, дар як моҳ метавонад бозори маҳаллиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намояд. Роҳбари хоҷагӣ Назиров Нозимҷон ба меҳмонон иттиллоъ дод, ки дар ҳудуди хоҷагӣ намудҳои гуногуни моҳӣ парвариш мегардад.

Неъматулло Ҳикматуллозода ин иқдоми меҳнаткашони хоҷагиро хуб арзёбӣ намуда, баён доштанд:

“Парвариши моҳӣ яке аз самтҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ноҳияи Ашт дар ҷодаи парвариши моҳӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ аз зумраи пешқадамон ба ҳисоб рафта, сокинон метавонанд гӯшти парҳезиро бо нархи арзон ва сифати баланд дар бозорҳои маҳаллӣ харидорӣ намоянд.”

Дар анҷоми боздид барои зиёд намудани фаъолият ва зиёд намудани намудҳои моҳӣ ба масъулин дастур дода шуд

Дар ҳошияи сафари кории худ Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин дар майдони хуч дар хоҷагии деҳқонӣ шиносоӣ намуданд. Маврид ба зикр аст, ки ба парвариши хуч дар саросари кишвар аз ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи зиёд равона карда мешавад. Бо дар назардошти супоришҳои роҳбари давлат дар ноҳияи Ашт ба парвариши хуч ва истеҳсоли он таваҷҷӯҳи баланд зоҳир гардид. Тавре масъулин баён доштанд то ҳол 1850 тонна ҳосил ба даст омада ҷамъоварии он идома дорад ва коргарони мавсимӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

 

Бо ҳадафи ҳолпурсӣ ва иштирок дар ҷамъоварии ҳосили пахта Неъматулло Ҳикматуллозода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва Прокурори ноҳия Сафарзода Баҳриддин бо ҳамроҳии як гурӯҳ мӯйсафедон, собиқадорони меҳнат ба майдони пахтаи хоҷагии деҳқонии “Суҷҷа”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба ташриф оварданд.

Ёрдамчии Ҷаноби Олӣ нахуст аз рушди соҳаи пахтакорӣ ва дастъовардҳои даврони Истиқлол ва таваҷҷӯҳи пайвастаи роҳбари давлат ба самти кишоварзӣ баёни назар намуд:

“ Иштироки пирони кор дар ғунчини пахта баракати хоса мебахшад ва мардуми меҳнатқарини Ашт метавонанд аз рӯзҳои офтобӣ пурсамар истифода карда, дурнаморо саривақт иҷро намоянд. Ҳоло, дар майдон пахта фаровон буда, заҳматкашонро мебояд кӯшиши худро дучанд сафарбар намоянд.”

Раиси ноҳия ба Неъматулло Ҳикматуллозода баён дошт:

“Имсол дар ҳудуди ноҳияи Ашт дар майдони 6 ҳазору 323 гектар пунбадона кишт гардида, бо азму талошҳои кишоварзони ноҳия ҳосили дилхоҳ рӯёнида шуда, ҳоло дар ҳудуди ноҳия чиниши пахта муташаккилона идома дошта, деҳқонон дар саргармии ҷамъоварии ҳосиланд.

Мӯйсафедон дар ҳаққӣ Пешвои муаззами миллат ва фаровон гаштани хони мардум, беталаф ҷамъоварии ҳосили “тиллои сафед”, пойдор будани сулҳу амн дар фазои ободу озоди Тоҷикистон даст ба дуо бардоштанд.

Ба як қатор собиқадорон Сипонома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия тақдим гардид. Баъдан аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.