АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА ДАР НОҲИЯ.

 416 боздид

Дар қисмати дуюми рӯзи 21-уми март Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар доираи сафари корӣ дар арафаи Наврӯзӣ Аҷам, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи сохторҳои қудратии ноҳия як қатор ишоотҳои ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ бо Раиси ноҳия ва дигар шахсони дахлдор толори маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияро ба истифода доданд.

Дар идома, бо мақсади беҳтар намудани шароити мардум дар ду маҳаллаи Рӯзиев А, Кенҷаев Ҷ, Ҷамоати шаҳраки Шайдон хати оби нушокӣ ба истифода дода шуд.

Баъд аз идома додани иншооти мазкур сокинони маҳал инфиродӣ дар хонаҳои худ бо оби ошомидани таъмин мегарданд.

Зимни сӯҳбат бо фаъолон Ҳикматуллозода Неъматулло ва Шӯҳрат Муҳаммадзода чунин ободиҳоро бевоста хизматҳои Пешвои муаззами миллат унвон карданд.

Дар идома аз рафти насби дастгоҳҳои ҷӯроббофӣ дар Корхонаи саноатии ресандагӣ ва ҷӯроббофӣ шиносоӣ сурат гирифт.

Маврид ба ёдоварист, ки иқтидори коргоҳи бузургӣ саноати 15 тонна нахи пахта ва 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як шабонарӯз мебошад.

Баъдан, меҳмонон ба Ҷамоати деҳоти Меҳробод сафари корӣ анҷом доданд.

Дар таҷлили Наврӯз байнанмиллал боғи фарҳангию фароғатӣ ва идораи таъминоти об дар ҳузури сокинони зиёд ба истифода дода шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар таҷлили Наврӯз-2023 ширкат намуда, сокинонро таҳният намуданд.

Барномаи бахши фарҳанги ҷамоат таъби иштирокчиёнро болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.