АШТ: ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АШТ.

 533 боздид

Дар қисмати бегоҳи рӯзи 22-уми март Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода дар доираи сафари корӣ дар арафаи Наврӯзӣ Аҷам, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи шахсони дахлдор ба Ҷамоати деҳоти Ашт сафари корӣ анҷом доданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ бо Раиси ноҳия ва дигар шахсони дахлдор аз рафти бинои таваллудхона, воқеъ дар деҳаи Дӯстӣ ва таҷҳизоти муосири тиббиро дидан намуданд. Дар саҳни Шуъбаи ҷароҳии рақами 2-и Беморхонаи марказии ноҳия ба номи Истамқул Ҳасанов бо ходимони тиб сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом доданд.

Зимни сӯҳбат бо фаъолон Ҳикматуллозода Неъматулло ва Шӯҳрат Муҳаммадзода чунин ободиҳо ва шароити мусоидро бевоста хизматҳои Пешвои муаззами миллат унвон карданд.

Сипас, дар варзишгоҳи деҳаи Дустӣ бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинон Наврӯзи Аҷам дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Чун рамзи меҳмонавозӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзодаро бо нону намак пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон аз хаймаҳои идона, ки бо таъомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардуми ороишёфта боздид ба амал оварданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар чорабинии фарҳгии Наврӯзӣ сокинонро аз номи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят таҳният намуданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангии ҷамоат аҳли ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.