БАҲРИДДИН ЗИЁӢ: ВАКИЛ БУДАН МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНД АСТ

 578 боздид

Дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов вохӯрии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор шуд.

Шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии  номзад ба вакилии МНМО ҶТ аз ҳавзаи якмандатаи Ашт №17 Баҳриддин Зиёӣ  аз ҷониби шахси боэътимоди ӯ, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия  Мамадҷонов Зафар бозгӯ карда шуд.

Қайд гардид, Баҳриддин Зиёӣ хатмкардаи МТМУ №17 (соли 1992) ва ҳамчунин бахши суханшиносии ДДХ ба номи Б.Ғафуров (1997) ва Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ  (2002) буда, аз солҳои нахустини фаъолият худро ҳамчун ҷавони ташкилотчӣ, бомасъулият, меҳнатдӯст нишон додааст.  Соли 1997 фаъолияти кориаш ба ҳайси котиби комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ноҳияи Ашт оғоз шудааст. Минбаъд низ дар вазоифи гуногун кор карда, аз моҳи майи соли 2017 то инҷониб  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аст.

Ҷиҳати барномаи пешазинтихоботии Б.Зиёӣ қайд карда шуд, ки  он таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”  омода шудаву дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаи Пешвои муаззамаи миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосии барнома маҳсуб меёбад.

Нуктаҳои асосии барномаи номзад ин фаъолияти бомаром зоҳир намудан ҷиҳати ҳифзи арзишҳои давлат, дастовардҳои Истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, аз ҷумла ноҳия мебошад. Номзад дар барномааш ба масоили татбиқи волоияти қонун, арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бедор намудани эҳсоси худшиносӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар нафар эътибори ҷиддӣ додааст.

Гуфта шуд, Б. Зиёӣ  тасмим дорад, дар идомаи бунёд ва сохтмони хатти баландшиддати 35 кВ-и  Шайдон—Понғоз, азнавсозӣ ва таъмири роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд—Шайдон, таъмиру азнавсозии пойгоҳҳои обкашии ноҳия ва ҳамчунин мусоидат ҷиҳати муаррифӣ намудани имкониятҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори он то қадри имкон кӯшиш ба харҷ диҳад.

Дар барномаи номзад ҳамчунин ба мусоидат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус саноатикунонӣ, ширкати фаъолона дар рушди иқтисодиёти кишвар, ҷалби васеи сармоягузории хориҷӣ баҳри рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди коргоҳҳо, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

Баъди муаррифӣ худи номзад ба вакилии МНМО ҶТ аз ҳавзаи якмандатаи Ашт №17 Баҳриддин Зиёӣ ба сухан баромада, барои эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин аз дастгириҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо изҳори сипос намуд.

—Вакил будан на танҳо ифтихор, балки масъулият аст,—гуфт Б.Зиёӣ. –Ман дар сурати вакил интихоб шуданам мекӯшам, то қадри имкон барои сазовори боварӣ будан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизам бо дасту дили пок хизмат намоям.

Баъдан шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Шайдон №42 Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовнаро шахси боэътимодаш Бегматова Г. ба диққати ширкаткунандагон расонид.

Нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Шайдон №42 Муллоҷонова Дилафрӯз Рустамовна чунин буданд: дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат; татбиқи амалии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, татбиқи қонунҳои амалкунандаи кишвар чун  Қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;  мусоидат ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, тарбияи насли ояндасоз, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбҳои мамнӯъ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва занон, шароити мусоид фароҳам овардан ба наврасони имконияташон маҳдуд, ташкили маҳфилҳо дар самти устуворсозии оилаҳо, ҷалби соҳибкорон барои бунёди муассисаҳои томактабӣ.

Чанд нафар аз иштирокчиён ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти босамари номзадҳо андешаҳояшонро бозгӯ намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт баромад кард. Гуфт, аввалан эътимоди комил дорам, мардуми сарбаланди ноҳия дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат менамоянд. Дуюм, номзадҳои арзандаро дастгирӣ хоҳанд кард.

—Намояндаи наздики 170 ҳазор аҳолии ноҳия будан, ба эътимоди сарвари давлат ноил шудан кори осон нест,—гуфт роҳбари ноҳия. –Барои расидан ба ин зинаҳои фаъолият инсон  чандин санҷишҳои мушкили корро паси сар мекунад. Баҳриддин Зиёӣ воқеан номзади арзанда будани худро тайи солҳои фаъолияташ бо ташкили оилаи намунавӣ, хислатҳои неки инсонӣ, ҳамеша ҷонибдори сиёсати давлату миллат буданаш собит намудааст.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.