ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ИФТИХОР

 976 боздид

Имрӯз дар МТМУ №46-и деҳаи Ҷигдаи ҷамоати деҳоти Ифтихор  вохӯриҳои навбатии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ, номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Марҳамат №43—Мамадҷонов Шуҳратҷон ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии “Қирққудуқ” №27— Мирзоматова Элмира, ҳавзаи интихоботии “Ҷигда” №26 У.Норчаев ва ҳавзаи интихоботии “Янгиқишлоқ” № 28 А.Қаюмов  ҷараён гирифт.

Шарҳи ҳол ва нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Баҳриддин Зиёӣ аз ҷониби шахси боэътимодаш З.Мамадҷонов бозгӯ карда шуд. Нуктаҳои асосии барномаи номзад ин фаъолияти бомаром зоҳир намудан ҷиҳати ҳифзи арзишҳои давлат, дастовардҳои Истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар, аз ҷумла ноҳия мебошад. Номзад дар барномааш ба масоили татбиқи волоияти қонун, арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бедор намудани эҳсоси худшиносӣ, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар нафар эътибори ҷиддӣ додааст.

Тарҷумаи ҳол ва нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба вакилии  Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии Марҳамат №43—Мамадҷонов Шуҳратҷон, сардори ҶДММ ширкати сохтмонии “Рахшона”  бозгӯ карда шуд. Хизматҳои арзандаи Ш.Мамадҷонов дар самти пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқи ноҳия қайд карда шуд. Мамадҷонов Шуҳратҷон аз соли 2009 инҷониб директори ҶДММ ширкати сохтмонии “Рахшона” буда, корхона дар самти пахтатозакунӣ, равғанбарорӣ, хиштбарорӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ фаъолият мебарад. Соли 2008 аз ҷониби ӯ дар деҳаи Дӯстии ҷ.д. Ашт бинои мактаб иборат аз 8 синфхона ба истифода дода шудааст. Соли 2013 “Пахтакори беҳтарин”-и ҷумҳурӣ гаштаву бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзии ҶТ сарфароз шудааст. Тибқи нуктаҳои барномааш Ш.Мамадҷонов боз ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи ноҳия аз тамоми имкониятҳояш истифода хоҳад бурд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо изҳори эътимод намуд, ки номзадҳои пешбаришуда бо истифода аз донишу таҷриба ва кулли имкониятҳояшон баҳри амалӣ намудани нуктаҳои бозгӯшудаи барномаи пешазинтихоботии худ кӯшиш хоҳанд кард ва дар рушду шукуфоӣ ва ободии ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми хешро хоҳанд гузошт.

Сарвари ноҳия ҳамчунин ҷиҳати ширкати фаъолона дар интихобот, аҳамияти бештар зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедор намудани эҳсоси ватанпарваронаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ ва пешгирии роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб  андешаҳояшро бозгӯ намуд.

Чанд нафар аз фаъолону сокинони ҷамоат ба сухан баромаданд ва фикру мулоҳиза, пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.