ВАЗЪИ ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ

 648 боздид

Участкаи интихоботии рақами 12 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар бинои МТМУ №13 ҷойгир аст. Дар ин ҷо ҳамзамон Ҳавзаи интихоботии “Хиштхона” №9 воқеъ аст.

Тибқи иттилои  аъзоёни комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ аён гардид, ки участкаи интихоботӣ комилан ба интихобот омода аст. Онҳо дар иҷрои ин вазифаи ҷамъиятӣ масъулияти баланд эҳсос мекунанд. Тавре котиби участка О.Норматов гуфт, то кунун дар ҳамаи кӯчаҳои деҳаи Хиштхона ва маҳаллаи Машҳад байни мардум корҳои таблиғотӣ гузаронида, интихобкунандагон ба саволҳои худ посухҳо гирифтанд. Дар участка ҳамаи санадҳо доир ба интихобот, рӯйихати интихобкунандагон ба назар мерасанд.

Миқдори умумии интихобкунандагон 2998 нафар буда, аз онҳо 83 нафарашон бори нахуст дар овоздиҳӣ иштирок мекунанд. Ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҷамоату деҳот “Гӯшаҳои интихобот”-и алоҳида тартиб дода шудаанд. Навбатдории мунтазам ташкил карда, тамоми корӣои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша пеш бурда мешаванд.

Дохили бино гарм буда, кабинаҳо омодаи қабули интихобкунандагон мебошанд. Барои ташкили овоздиҳии 51 нафар маъюбон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Хонаи “Модару кӯдак” ва ҷойи алоҳида барои ҳамшираи тиббӣ мавҷуданд. Муайян карда шуд, ки дар ҳудуди ҳавза 124 нафар интихобкунандагон берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар пешбурди корҳои омодагӣ ба интихобот аъзоёни комиссияҳои участкавӣ А.Абулқосимов, Ҳ.Умаров, З.Бойматова, М.Қодиров ва дигарон фаъолнокӣ зоҳир менамоянд. Онҳо итминони комил доранд, ки рӯзи 1 март дар участка овоздиҳӣ ва интихоби вакилон муташаккилонаву дар сатҳи баланд хоҳад гузашт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.