АШТ: МУҲИМ БА ТАҲЛУКА НААФТОДАНУ ДАСТИ ҲАМ ГИРИФТАН (СИТОДИ НОҲИЯВӢ БАРГУЗОР ШУД)

 385 боздид

Имрӯз дар толори хурди МИҲД-и ноҳия ситоди ноҳиявии навбатӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо доир карда шуд.
Масъулини соҳаи тандурустӣ оид ба вазъи имрӯзаи соҳа маълумоти муфассал доданд. Тибқи маълумоти сардухтури беморхонаи марказии ноҳия Абдурауф Имомов айни замон дар беморхонаи марказӣ 14 нафар беморони гирифтори илтиҳоби шуш бистарӣ ҳастанд ва дар назар аст, ки имрӯз 6 нафари онҳо мураххасӣ хоҳанд шуд.
Сарвари КАТС-и ноҳия Шуҳрат Имомназаров гуфт, то охири ҳафтаи гузашта 210 нафар дар карантини хонагӣ қарор доштанд, ки айни замон ин рақамҳо то 186 нафар коҳиш ёфтааст. Ҳамарӯза дар миқёси ноҳия зиёда аз 2000 ташрифҳои хонагӣ аз ҷониби ҳамшираҳои тиб гузаронида мешаванд. То имрӯз наздики 14 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорону саховатмандон ба Маркази саломатӣ ворид шудааст, ки барои духти либос ва ниқобҳо масраф шуда истодааст. Ногуфта намонад, аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Суғд 50 адад либосҳои бисёркаратаи фардӣ дастрас карда шуд, ки ба марказҳои саломатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тақсим намудем.
Раиси ноҳия ба масъулин ҷиҳати ҳамеша омода будан барои ёрӣ ба беморони муроҷиаткарда, пайваста безарар намудани мавзеъҳои осебпазир, идома додани гашти хона ба хона ва бад-ин васила вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдошт, муомилаи хуш бо ҳар нафари муроҷиаткунанда ва беморон, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба оилаҳое, ки аъзоёнашон табъи баланд доранд (безараргардонии хона ва хабаргирии пайваста) дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Муовини Раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ муваззаф гардид, назоратро ҷиҳати фаъолияти ҳамаи самтҳои соҳаи тандурустӣ ҷиддитар ба роҳ монда, ҳамарӯза ҳисоботи беморони ба қайд гирифташуда ва вазъи эпидемикии ноҳияро пешниҳод намояд.
—Муҳим ба таҳлука наафтодан, дасти ҳам гирифтан, дар хона мондан, безарурат ба кӯча набаромадан, риояи ҳатмии нишондодҳои масъулини соҳаи тандурустӣ, ки хеле осон аст, эҳсоси масъулият дар назди хешу пайвандону наздикону оила ва билохир Ватан аст,—гуфт Раиси ноҳия.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.