Имрӯз яке аз кормандони фаъоли бахши ҳифзи иҷтимоӣ, инсони шариф, хоксор ва бомаърифат Тоҳиров Баҳромҷон ҷашни зодрӯзӣ доранд, ба синни мубораки 63 расиданд.
Нафаре, ки бо фаъолияти босамару бенуқсон, кору пайкори сидқидилона дар дилу дидаи сокинони ноҳия ва берун аз он ҷо гирифтаанд. Нафаре, ки солҳои тӯлонӣ бо дасту дили пок ва умед ба ояндаи дурахшони меҳан баҳри шукуфоии диёри азизи худ ва пешрафти пайвастаи соҳаи интихобкарда заҳмат кашидаанд.
Тоҳиров Баҳромҷон зодаи шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ (соли 1979) буда, баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси иқтисодчии калони совхози ба номи Эрйигитов ба фаъолият оғоз намудаанд. То соли 1996 дар вазифаҳои сариқтисодчии совхози “Боғдорӣ-2”, сардори шуъбаи ба нақшагирии управленияи хоҷагии қишлоқ, сариқтисодчии иттиҳодияи агросаноатии ноҳия, иқтисодчии калони комиссияи ба плангирии комиҷроияи ноҳия ва мудири шуъбаи иқтисод ва робитаи хориҷии Ҳукумати ноҳияи Ашт кор кардаанд. Солҳои 1996-1998 ба ҳайси муовини Раиси ноҳияи Ашт фаъолият бурда, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия саҳми босазо гузоштаанд. Баъдан ба ҳайси сардори х/д “Чашма”, раиси КИХҶ ба номи М.Воҳидов, мудири шуъбаи фонди ҳифзи иҷтимоии ноҳия, мудири бахши Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия, солҳои 2012-2018 сардори Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия иҷрои вазифа намудаанд.
Аз моҳи сентябри соли 2018 то инҷониб мудирии бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии МИҲД-и ноҳияро ба уҳда доранд.
Зинаҳои тайнамудаи Б.Тоҳиров ва соҳаҳое, ки он ҷо фаъолият намудаанд, аз ҳар нафар масъулияти бешу дониши қавӣ талаб менамояд. Боиси зикр аст, ин нафар ҳамаи зинаҳои камолотро бо сари баланд пешвоз гирифтаву паси сар намудаанд.
Ҳамкорон, дӯстон, пайвандон Б.Тоҳировро чун инсони оромтабиат, бомаданият ва ботамкин мешиносанду эҳтиром мекунанд. Дар оила низ чун ҳамсари азизу падари меҳрубон ҷойи хеш дарёфтаанд. Ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонашон, яке аз бонувони шинохтаву заҳматпешаи ноҳия, собиқ муовини Раиси ноҳия Мавлуда Маҳкамова (руҳашон шод бошад) чор нафар фарзандони солеҳро ба воя расонидаву ба ҷомеа ҳадя кардаанд, ки имрӯз ҳар яки онҳо боиси ифтихори волидони худанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Баҳромҷон Тоҳировро бо ин санаи мубораки умр, милоди накӯ 63-юмин баҳори умр таҳният менамояд. Барояшон умри дароз, ризқи фароз, қалби беғам, дидаи бенам, давлати пирии бепушаймонӣ таманно мекунад. Бигузор дар иҳотаи фарзандону набераҳо саломату бардам ва шоду мамнун умри боқии худро сипарӣ намоед!
Милод муборак!