Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон

 311 боздид

Имрӯз дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ашт тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти сарпарастии Раиси ноҳия Зариф Мирдадо бо иштироки роҳбарони ташкилоту идораҳои маркази ноҳия, роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Раёсати молия, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, шуъбаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фаъолони Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва раисони кумитаи маҳаллаҳои Жамоат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, тамоми ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша кард.
Ҳамзамон, интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки чунин вохӯриву мулоқотҳои вакил дар дигар ҷамоатҳои ноҳия давом дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.