Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагони Ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Понғоз

 276 боздид

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаҳои 16 – 17 марти соли ҷорӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Ифтихор ва Понғоз таҳти сарпарастии муовинони Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед Абдуқаҳҳорӣ ва Ҷалилӣ Аниса Абдуллозода бо иштироки роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ, вакилони маҳаллӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолзанон, ҷавонон, собиқадорон, имомхатибони масҷидҳои ҷамоатҳо, вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Маҳмудзода ва Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муасиссаҳои миёна ва олӣ, амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замин, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба омӯхтани илму ҳунар, паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, тамоми ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон, ки дар Паём ироа гардида буд ва дигар масоили мубрами рӯз изҳори андеша карданд.
Ҳамзамон, интихобкунандагон низ дар рафти вохӯрӣ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд қайд кард, ки чунин вохӯриву мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия давом дорад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.