Ашт: 45 нафар барандаи стипендияи раиси ноҳия

 1 325 боздид

21-уми июли соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои соҳиб шудан ба идрори раиси ноҳия байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо озмун баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории озмун дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд гардонидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо арзёбӣ гардид.

Стипендияи раиси ноҳияро 45 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсею гимназияҳо, ки фақат бо баҳои аъло таҳсил менамоянд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзанд, соҳиб гаштанд.

Бояд зикр намуд, ки соли ҷорӣ барои дарёфти идрори раиси ноҳия 70 нафар довталаб номзад шуда буданд. Аз ин теъдод ба 45 нафар муяссар шуд, то соҳиби идрори раиси ноҳия дар соли хониши 2017-2018 гарданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.