АШТ: БАҲРИДДИН БЕКНАЗАРОВ 70 СОЛА ШУД (МУСОҲИБА)

 510 боздид

Дар ҷомеаи мо инсонҳое кам нестанд, ки донишу маҳорат, таҷрибаву хирад ва вуҷуди хешро фақат ба хизмати содиқона баҳри халқу меҳан, дар ҳама ҷода устуворона қадам ба пеш гузоштану гули мурод ба каф овардан равонаву масраф менамоянд. Мо метавонем ба ин тоифа номи собиқадори меҳнату хизмати давлатӣ Баҳриддин Бекназаровро ҳамроҳ намоем. Зеро ӯ тӯли 44 соли фаъолияти корӣ дар ҷабҳаҳои гуногун мудом бори масъулият бар дӯш гирифта, покниҳодиву накӯкориву накӯрафториро аз ҳама чиз воло медонист. Пас аз меҳнати босамар соли 2018 бо номи неку сари баланд ба нафақа баромад.

Б.Бекназаров (тав 10.07.1952) – дастпарвари МТМУ №1-и деҳаи Ашт (с.1968), факултети иқтисодии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон (с.1974). Солҳои шӯравӣ дар вазифаҳои иқтисодчиву муҳосибии хоҷагии ҷамоавии «Правда», инструктор, мудири шуъбаҳои хожагии ыишлоы ва идеологии кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист, замони истиқлоли давлатӣ дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои ташкилц ва кор бо кадрüо ва идеологии ҳукумати ноҳия, раиси Ҷамоати деҳоти Ашт, раиси кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, сардори Ҷамъияти саҳҳомии фаръии «Пиллаи Ашт» ва ғайра фаъолият дошт. Бояд гуфт, Б.Бекназаров чун мутахассис ва кадри болаёқат бо тавсияи ҳукуматҳои ноҳияву вилоят ба вазифаҳои болозикр пешбарӣ ва таъин шудааст. Ва ӯ дар ҳамаи вазифаҳои ба уҳдааш гузошташуда тавонист сазовори боварӣ кор карда, дар рушду пешравии соҳа ва ё ташкилоту муассисае нақши назаррас гузорад. Ӯ аз он иктифо дорад, ки дар давоми фаъолият кориаш боре üам рӯйи қонун пой нагузошт, дар назди ҷомеаи ягон муассиса ва ё шахсе забонкӯтоҳ нагардид. Зиндагӣ аз касбу меҳнати ҳалол шиори ҳамарӯзаи ӯ буд. Дар остонаи ҳафтодсолагии Б.Бекназаров тасмим гирифтам ба ӯ бо чанд савол муроxиат намоям.

—  Муҳтарам Бекназаров, пеш аз ҳама бигӯед, ки чаро маҳз касби иқтисодчигиро интихоб намудаед?

— Интихоби худи ман, қиблагоҳам низ розӣ буданд. Сониян, ин касб хеле паҳншудатарин буда, барои ҳамаи соҳаҳо зарур аст. Ба воситаи он мо дониста метавонем, ки аз куҷо ба куҷо бо чӣ хел нафъу зарар равонем, ҳамзамон ояндаро низ хоҳем дид. Аз ин боис иқтисодчӣ бояд соҳиби донишу таҷрибаи мукаммал ва дақиқкору дақиқбин бошад.

— Аз 44 соли фаъолияти меҳнатиатон 27 солаш ба давраи истиқлолият рост меояд.

— Дуруст гуфтед, яъне 17 соли аввал фаъолияти кории ман дар замони шӯравӣ xараён гирифт. Аз он қаноатмандам, ки дар ин давра соҳиби таҷриба шудаву дар касби худ ва корҳои роҳбарӣ камол ёфтам. Ин имкон дод, ки аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар устуворсозии сохти нави давлатдорӣ фаъолона иштироку саҳмгузорӣ намоям. Аз ибтидо то кунун сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдориву аз рӯйи он амал менамоям.

— Дар якчанд вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доштед. Бигӯед, ки аз паёмадҳои кори хеш қаноатманд ҳастед?

— Албатта. Тавре дар урфият мегӯянд: Кори бузург мояи иззат аст, на номи бузург. Яъне, агар «ман мансабдор» гуфта гардеду дар коргоҳ натиxаҳои амиқи пешравӣ набошанд, чунин роҳбарӣ чӣ лозим? Вақте сарварии ягон муассисаро ба ман бовар мекарданд, кӯшиш менамудам, ки дар навбати аввал натиxаи чашмрас ба амал ояд.

Аз xумла, чор сол сарварии Ҷамоати деҳоти Аштро ба уҳда доштам. Дар ин давра масъалаи бунёди шуъбаи xарроҳии №2-и беморхонаи марказии ноҳия дар деҳаи Дӯстӣ ба миён омад. Он бо маблағи 29 ҳазор доллар кӯмаки ташкилоти байналмилалии ТАСИФ соли 1999 ба ҳастӣ омад, қариб 100 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд, дури мардум наздик гардид, то имрӯз беш аз 100 ҳазор нафар дар ин ҷо табобат гирифтанд. Дар мактаби деҳаи Бобоқир пешравӣ ба амал омад. Замини назди мактаби №25, ки имрӯз дар ин жо сохтмони бинои нав идома дорад, аз талаву тороx ҳифзу ҳуxчатӣ карда шуд ва ғайраҳо. Дар мавриди танзими анъанаву маросимҳо низ якчанд пешравиҳо ба амал омада буданд.

— Якчанд сол сарварии хоҷагиҳои кишоварзии «Заркор» ва ба номи Н.Ҳувайдуллоевро низ ба уҳда доштед.

— Шуморо фаҳмидам. Дар ҳарду хоҷагӣ ҳамыафомонц мавжуд буду тадрижан пешравиҳо ба амал омаданд. Нақшаҳои хоҷагӣ иҷро мешуданд. Дар деҳаи Қаҳрамон 12 коттеҷ, дорухона ва бунгоҳи тиббӣ бунёд гардиданд. Қариб ба 200 нафар заминҳои наздиҳавлигӣ дода шуданд. Дар хоҷагии ба номи Н.Ҳувайдуллоев бо мусоидати ҳукумати ноҳия масъалаи кадрҳо ҳалли пурраи худро ёфт, ки ин ба пешравии кор боис гардид. Албатта, дар ҳама ҷо равнақи истеҳсолот асосан ба кадрҳо иртибот дорад.

— Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳайси Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, мудири шуъбаи идеологӣ, мудири шуъбаи ҳифзи иxтимоии аҳолӣ фаъолият доштед. Албатта, кор дар ин мақомот аз ҳар мутахассис масъулияти баланд, таҷрибаи ғании бо мардум кор карданро тақозо менамояд.

— Ифтихор дорам, ки сазовори боварӣ гардида, дар ин вазифаҳо солҳо кор кардам. Гуфта метавонам, ки дар ҳамаи мавридҳо аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои пешниҳодшуда баромадам. Мақомот як шохаи ҳукумати вилояту ҷумҳурӣ буда, ин ҷо меҳвари таъмини иҷрои ҳама гуна қарору фармонҳо, дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистону Президенти кишвар ва вазифаҳои дигари мубрами рӯз мебошад. Мақомот ҷоест, ки ҳукуматро бо мардуму мардумро бо ҳукумат мепайвандад. Бинобар ин кормандони он бояд соҳиби таҷрибаи бойи корӣ, маҳорати фаҳмиши сиёсати ҳукумату сарвари давлат ва вазъи xаҳони имрӯза бошанд.

— Ба андешаи шумо роҳбар чӣ хел бояд бошад?

— Роҳбар бояд соҳиби интизому рафтори хуб дар ҳама ҷо, оилаи намунавӣ, дониши мукаммал, xаҳонбинии васеъ, маҳорати бо тобеъон фаъолият бурдан, онҳоро ба иҷрои вазифаҳои пешистода ташкилу сафарбар карда тавонистан, ростгӮву адлпеша ва албатта нафси шикаста бошад. Сониян, роҳбар бояд ҳар кормандашро аз наздик шиносад, аз ҳаёти оилавию шароити зиндагиаш бохабар буда, ба ҳалли масъалаҳои мавxудаи ҳаёташ кӮмак расонад. Ин, албатта, ба пурсамар гаштани меҳнати коргарон мусоидат карда метавонад. Инчунин роҳбар бояд пайваста барои такмили донишу ихтисоси худ xаҳд намояд.

— Ба кадрҳои ҷавон чӣ гуфтаниҳо доред?

— Дар навбати аввал бояд касбу кори худро дӯст доранд, пайваста омӯзанд, муҳибби Ватану давлат ва халқи худ бошанд. Шукр бояд кард, ки мо соҳиби давлати ягонаи озоду обод, демокравтиву дунявии Тоҷикистон ҳастем. Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ, осмони софу беғубор, зиндагии осоишта ҳадя намуданд, ки ин на дар ҳамаи давлатҳо ҳаст. Ҷавонон бояд дар ҳамаи мавридҳо пайравони Пешвои муаззами миллат буда, дар ҳама ҷо босамару масъулиятнок меҳнат кунанд, марзу буми Ватанро мардонавор ҳифз намоянд ва ҳар соату ҳар лаҳза зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳанд.

— Давоми фаъолияти хеш бо бисёр роҳбарони сатҳи ноҳия ҳамкору ҳамсуҳбат шудаед. Шояд аз байни онҳо устодҳо низ дошта бошед?

— Дар ин давра бо 3 котиби якуми ҳизби коммунист ва 10 раиси ноҳия кор кардаам. ҳамаи онҳо инсонҳои хуб, сарварони кордону соҳиби қобилияти баланди роҳбарӣ буданд ва ман аз маслиҳату кӯмакҳои эшон баҳраманд гаштаам, ҳамаашонро бароям устод меҳисобам. Бо чунин инсонҳо кор кардан ҳам ифтихор буд. Бахусус ёриву маслиҳатҳои муфиди Раиси вилоят Қосим Қосимов, сардори Раёсати кишоварзии вилоят Қурбон ҳакимзода (Раиси ҳозираи вилояти Хатлон), раисони ноҳия Нарзулло Ваҳҳобов, Даврон Зоҳидзода бештар манфиат гарифтаам. Барояшон саломативу сарбаландӣ, пирӯзию пешравиҳои тоза хоҳонам.

— То ҷойе, ки медонам, ба хориxи кишвар низ сафарҳо кардаед.

— Дуруст. Соли 2006 бо тавсияи ҳукумати кишвар дар ҳайати гурӯҳи махсус аз Тоҷикистон ба пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Бишкек сафар карда будам. Боиси ифтихор аст, ки ҳамчун назоратчии байналмилалӣ дар интихоботи президенти ин кишвар иштирок намудам. Сониян, худи ҳамон сол барои таҳсил дар курси якмоҳаи Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия (бахши хизмати давлатц ва сиёсати кадрüо) ба шаҳри Москва рафта будам.

— Камбудиатонро касе гуфтааст ва ё танқидро чӣ хел қабул мекардед?

— Дар дунё ҳама камбудӣ доранд, ҷуз Худованд. Камбудиамро на як бору ду бор ба рӯям гуфтаанд ва ман онро хуш мепазируфтаму ба гӯяндааш арзи сипос менамудам. Бартарафсозии ҳар камбудӣ албатта боиси пешравии кор мегардад. Аз шунидани танқиду нуқсони худ набояд рӯй тофт ва ё ҳаросид. ҳикмати зеринро ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард: «Айби хештанро аз забони мардум битавон донист».

— Ноҳияи Ашт солҳост, ки бо дотатсия кор мекунад, яъне ба буҷети ноҳия ҳамасола аз ҳисоби давлат маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад. Фикри шумо ҳамчун иқтисодчӣ роҷеъ ба ин масъала?

— Аз сабаби он, ки ноҳияи мо асосан кишоварзист, бо даромади ин соҳа ғанисозии буҷет на ҳамеша имконпазир аст. Ҳатто солҳои шӯравӣ низ ноҳия аз давлат дотатсия мегирифт. Барои ҳалли мусбии масъала фақат мавҷуд будани корхонаҳои саноатии даромаднок, ки бо андозҳои худ ба буҷети ноҳия кӯмак карда метавонанд, мусоидат хоҳад кард. Роҳбарияти нави ноҳия бунёди корхонаҳои нави саноатиро ба нақша гирифтааст ва ин боиси пешравӣ шуда метавонад.

— Раҳмат барои суҳбати самимӣ, ҷашни ҳафтодсолагӣ муборак, саломату сарбаланд бошед!

— Сипосгузорам.

Ю.СИДДИҚОВ, «Шуҳрати Ашт»

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.