Санаи 7 августи соли 2021, дар толори муассисаи давлатии мактаби варзишии №1-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон семинари омӯзишӣ бо мураббиён ва омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонону наврасони ноҳия дар мавзӯи «Қоидаҳои бадминтон» баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси Федератсияи Бадминтони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Кабирҷон, муовини Раиси Федератсия ва сармураббии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бадминтон Абдурахимов Алишер ва директори намояндагии Федератсияи Бадминтон дар виляти Суғд Ғаниев Муҳсин ширкат варзида, оид ба намуди бадминтон, қоидаҳои он ва усулҳои омӯзонидани ин намуди варзиш ба наврасону ҷавонон маълумоти муфассал дода шуд.