Субҳи имрӯз, санаи 7 – уми декабри соли 2021 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кории Раиси ноҳия бо соҳаи саноат ва бонкдорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони Раиси ноҳия, сардорони Раёсатҳои омор, кишоварзӣ, масъулони соҳаи иқтисодӣ, роҳбари шабакаи барқ, корхонаҳои пахтатозакунӣ, муассисаҳои бонкӣ ва қарзии дар ноҳия фаъолиятдошта ширкат варзиданд.
Оид ба фаъолияти соҳаи саноат ва бонкдории ноҳия дар 11 моҳи соли равон гузориши муовини Раиси ноҳия шунида шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла бартараф намудани қафомонии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъмини мунтазами қувваи барқ, дастрасии пурраи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани нуқтаҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани таъминоти таҷҳизотҳои муосири хизматрасонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба нишондиҳандаҳои хизматрасонии молиявӣ, бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли таърихӣ, оид ба иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо барои соли 2022 ва корҳои ободониву созандагӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.