Тибқи ҷадвали кории Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, санаи 10 – уми марти соли 2022, дар толори маркази таҳсилоти иловагии ноҳия маҳфили илмӣ — адабӣ таҳти унвони Пешвои миллат — эҳёгари ҷашни Наврӯз баргузор гардид.
Дар маҳфили илмӣ – адабӣ намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғафуров Мирзоғуфрон сармутахассиси шуъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Азимов Абдумавлон профессори донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, фаъолони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, омӯзгорони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия ва хонандагони синфҳои болоӣ ширкат варзиданд.
Дар маҳфил оид ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат дар эҳё намудани ҷашни Наврӯз, дастовардҳои 30 соли Истиқлол, вусъати корҳои ободонӣ созандагӣ ва саноатикунонии мамлакат Ғафуров Мирзоғуфрон, Азимов Абдумавлон, Гулбаҳор Маликзода, Бегматова Шаҳло ва Зафар Мамадҷонов баромад намуданд.