АШТ: Машварати корӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ноҳия

 248 боздид

Бобати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз, 29 июни соли 2021, муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» таҳти раёсати Раиси ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ҷаласаи ситоди ноҳиявӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сарварони муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сархатиб, имомхатибони масҷидҳо, роҳбарони бозорҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо, собиқадорон ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.
Нахуст муовини Раиси ноҳия сарпарасти соҳаи тандурустӣ Ҷалилӣ Аниса ва директори маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемиологии ноҳия Мирзоев Муродҷон оид ба вазъи воқеии бемории сироятии коронавирус дар ноҳия маълумоти муфассал доданд.
Роҳбарияти ноҳия оид ба вусъат бахшидани корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус, пурзӯр намудани тадбирҳо ҷиҳати ба эмгузаронӣ фаро гирифтани сокинон, истифодаи ҳатмии ниқоб ва маҳлули антисептик, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, марказҳои савдо ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.