АШТ: Мулоқоти роҳбарияти ноҳия бо кормандони литсейҳои касбӣ — техникӣ ва боздид аз иншоотҳои ҷашнӣ

 543 боздид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 дар бораи муайян намудани сарпарастон аз ҳисоби масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва рушди муассисаҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ субҳи имрӯз, санаи 17 июни соли равон, Раиси ноҳия Мирдадо Зариф ба “Литсейи касбӣ – техникии №74” Ҷамоати деҳоти Шодоба ва “Литсейи касбӣ саноати кишоварзии №26” Ҷамоати деҳоти Ориён ташриф оварда, бо роҳбарият ва аҳли кормандони литсейҳо мулоқоти судманд анҷом доданд.
Роҳбарияти ноҳия иброз доштанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ гардида, Ҳукумати кишвар барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад. Ин дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ моро водор месозад, ки меҳнати софдилонаи худро дучанд намуда, барои боз ҳам ободу зебо намудани литсейҳо ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ҷидду ҷаҳд намоем.
Маҳз, ҳамин ду литсей мутахассисонро дар самти саноат ва кишоварзӣ омода намуда, ба соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия равона менамояд.
Ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП-52 нишонаи возеҳи гуфтаҳои болост.
Дар охир аз ҷониби Раиси ноҳия ба роҳбарият ва кормандони литсейҳо эроди ҷиддӣ гирифта шуда, ҷиҳати дар муҳлатҳои кутоҳтарин ислоҳ намудани камбудиҳои аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Нимаи дуюми рӯз роҳбарияти ноҳия аз рафти иқдоми пешгирифтаи сокинони деҳаи Пискокати Ҷамоати деҳоти Ашт оид ба сохтмони купрук дар масоҳати дарозиаш 14 метр ва бараш 4 метр мебошад, дидан намуда, ба оғози корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Боиси қайд аст, ки барои пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 120 метр корҳои бетонрезӣ дар сойҳо ба анҷом расонида мешавад. Мувофиқи лоиҳаи омодакардашуда маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 130 000 (яксаду си ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатманд ва хайрхоҳ амалӣ карда мешавад. Сипас, Раиси ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии МТМУ №25 Ҷамоати деҳоти Ашт боздид намуда, ба сохтмончиён оид ба вусъат бахшидан ба рафти корҳои сохтмонӣ ва сифати дурусти кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Мавриди зикр аст, ки МТМУ №25 иншооти ҷашнӣ буда, бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон армуғонест ба насли ояндаи давлат.
Баъдан аз рафти корҳои сохтмонии Беморхонаи минтақавии №5, Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки бо иштироки раисони маҳаллаҳо, сокинон, фаъолон ва кормандони касбу кори гуногун ҳашари умумӣ баргузор карда шуд, боздид намуда, баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, тозагии гирду атроф ва рангубор тавсияҳои зарурӣ доданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.