АШТ: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 379 боздид

Бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 ва бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ намояндагони васоити ахбори омма аз «Шуҳрати Ашт», Ҳафтаномаҳои «Нилуфар», радио «Диёр-Суғд», «Согдийская Правда», «Рисқофарин », «Шӯълаи умед» ва дигарон ширкат намуданд.

Бо сабаби дастрас гардидани пресс-релиз як руз пеш аз нишасти матбуотӣ ба журналистон саволу ҷавоб мустақиман оғоз гардид. Баъдан рӯзноманигорон бо саволҳои худ муроҷиат намуданд:

Мадина Почоева, намояндаи «Согдийская Правда»,

Савол: Содироти мева ба давлатҳои хориҷӣ?

Ҷавоб: Бо дастгириҳои пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол мушкилот дар таъминоти об набуд. Бори аввал санаи 1-уми апрел бо меҳрубониҳои роҳбари давлат ба фаъолият пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳия иҷозат дода шуд.

Дар натиҷаи мусоид омадани боду ҳаво ҳосили зардолу фаровон шуд ва ба хориҷӣ кишвар наздик 5 ҳазор тонна содирот гардид, дар умум 20 ҳазор тонна истеҳсол шуда, ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Дар ин замина ширкатҳои “Оби зулол” ва “Мерсибаку” низ аз ҳосили зардолу харидорӣ намуданд.

Саволи 2: Имсол таваллуд дар хона ба қайд гирифта шудааст?

Ҷавоб: Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ҳама беморхонаҳои ноҳия шароити хуби корӣ ва табобатӣ фароҳам оварда шуда, ягон нафар аз таваҷҷӯҳ дар канор нестанд, махсусан бонувони ҳомиладор. Дар давраи ҳисобти ягон ҳолати дар хона таваллудкунӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Робия Розиқова, “Нилуфар”.

Савол: Дар нимсолаи аввал чанд нафар шаҳрвандон барои таъмин шудан ба ҷои кории доимӣ муроҷиат намуданд?

Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба мақомоти ноҳиявии шуғл 1708 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд ва аз онҳо 1239 нафар, аз ҷумла 572 нафар занҳо, ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуданд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 768 нафар шаҳрвандон ( 420 нафар занону духтарон) бо кор таъмин шуданд.

Дар ин давра 8 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, 112 нафар ба бозомўзӣ аз рўйи ихтисосҳои гуногун фаро гирифта шуданд.

Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 1157,2 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 202,49 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 121,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар ноҳия қарздории музди меҳнат мавҷуд намебошад.

Савол: Вазъи кудакистонҳо дар ноҳия чи хел аст?

Бо ташаббуси соҳибкорон руз аз руз корҳои ободониву созандаги авҷи тоза мегирад. Айни ҳол дар ноҳия 15 кудакистонҳо фаъолият мебарад, ки аз ин 2 ададаш хусусӣ мебошад. Ҳоло сохтмон ва таъмири ду адад кудакистонҳо ҷараён дорад, ки дар мӯҳлати кутоҳ ба истифода дода мешавад.

Таҳмина Мисробӣ, “Шуҳрати Ашт”

Савол:—корҳои сохтмонӣ дар самти маориф чи хел аст?

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли равон ишоотҳои зиёд ба нақша гирифта шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 43,2 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 33,1 млн сомонӣ иҷро шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 2,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин радиф бо меҳрубонии Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят сохтмони муасисаҳои таълимии замонави рақами 25, 56 идома дорад, ки дар арафаи ба истифода додан қарор дорад. Ҳамзамон бо дастгирии шахсони саховатпеша синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ бунёд гардид ва ин раванд идома дорад.

Дар фарҷом Раиси ноҳия ишора намуд, ки дар давраи ҳисобӣ нақшаи андоз бо 7 намудаш пурра, саноат беш аз 230 фоиз иҷро гардид.

Рӯзноманигорон ҳамчунин ба суолҳои худ аз ҷониби Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар фарҷом Раиси ноҳия барои ташриф ва баёни камбудиҳои ҷойдошта ба рӯзноманигорон изҳори сипос намуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.