16.11.2023
Субҳи имрӯз дар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳпаймоии ҷавонону варзишгарони ноҳия сурат гирифт. Раҳпаймоии ҷавонон ҳамчун рамзи садоқат, дӯстдори ба Ватан ва Пешвои миллат аст.
Сипас, дар толори хурди Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» конфренсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба «Рӯзи Президент» дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон- Президенти мардумии давлати тоҷикон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси Суди ноҳия Азизмуҳаммад Хуршед Азизмуҳаммад, прокурори ноҳия Каримзода Тоҷиддин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Давлатшоҳ, сардори шуъбаи дар ноҳияи Ашт будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷмҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Каримов Абдусаттор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли адаби ноҳия иштирок намуданд.
Баромадкунандагон зимни маърузаи худ доир ба фаъолияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мактаби бузурги сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ ибрози назар карданд.
Таҷлил дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, собиқадорони меҳнат, раисони шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, фаъолон ва намояндагони расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатӣ дароварда, Суруди миллӣ садо дод.
Дар идома, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд:
“Тоҷикистон сарзамини куҳанбунёд ва таърихӣ буда, абардмардонеро ба дунё овардааст, ки бо илму дониши оламгир, хирадмандӣ ва бузургияшон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд ва эътироф гардидаанд. Олимону донишмандони арсаи дунё, нобиғаҳои ҷаҳонӣ Абулқосими Фирдавсӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Исомили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва даҳҳо симоҳо барҷаста мебошанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори ин бузургони миллати тоҷик ҳастанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаи мушкилтарин ва сарнавиштсози давлат зимоми идораи кишварро ба ӯҳда гирифт. Миллате, ки хатари парокандашавӣ таҳдид мекард, сарҷамъ намуданд, аз вартаи нобудшавӣ берун оварда, аз сифр давлатро бунёд намуданд.”
Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ, аз фаъолияти пурсамари роҳбари давлат наворҳо ба намоиш гузошта шуд ва гурӯҳи рақсҳои ҳунарӣ фазои идонаро дучанд намуд.
Гирифтани акси хотиравӣ ҳусни анҷом бахшид.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия