Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳайати вилояти Суғд Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафар карданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Раиси вилоят ҳадаф аз сафари ҳайат ба вилояти Свердловски Федератсияи ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю вилояти Свердловск буда, зимни сафари расмӣ намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими кишоварзӣ, саноат шинос шуданд.
Таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳайати вилояти Суғд Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023» баздид анҷом дод ва дар як қатор мулоқотҳои дуҷонибаи судманд бо соҳибкорон ширкат намуд.
Маврид ба зикр аст, ки сафари ҳайати вилояти Суғд дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия